Шумо дар ҷустуҷӯи кор мебошед, пас ба ин ҷойҳои корӣ назар андозед

Шумо дар ҷустуҷӯи кор мебошед, пас ба ин ҷойҳои корӣ назар андозед

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи имконияти ба таври расмӣ ба кор таъмин шудан дар қаламрави Федератсияи Россия иттилоъ дода, қабули дархостҳоро аз рӯи ҷойҳои кории пешниҳоднамудаи ду корфармои Федератсияи Россия эълон менамояд.

  1. ҶДММ “Хайер Индасти РУС”, Набережние Челни, Ҷумҳурии Тотористон
    Бо сабаби зарурати истеҳсолӣ ва васеъ намудани ҳайати кормандон, корхона 50 нафар кормандро барои фаъолият дар хатҳои конвейерӣ дар майдонҳои истеҳсолии худ дар шаҳри Набережний Челни ба кор даъват менамояд.
    Номи вазифа: ҷамъкунанда (сборщик)
    Вазифаҳои хизматӣ:
    Иҷрои амалиётҳо вобаста ба мутобиқсозӣ, пайваст ва маҳкам намудани қисмҳои алоҳида дар хатти конвейерӣ дар қитъаҳои истеҳсолии вобасташуда.
    Низоми кор:
    Навбатӣ (2/2, 11 соат), бо навбатҳои рӯзона ва шабона.
    Шароити музди меҳнат:
  • Маоши асосӣ — 40 000 рубл;
  • Мукофотпулӣ — 30% аз маош (12 000 рубл);
  • Ҷуброни хароҷоти хӯрок — 2 450 рубл;
  • Илова барои шароити зараровари меҳнат — 1 600 рубл;
  • Илова барои кори шабона — 1 702 рубл (барои баъзе ҷойҳои корӣ).
    Ҳаҷми умумии ҳисобшуда: аз 56 050 то 57 752 рубл.

Корфармо омодагии худро ҷиҳати баррасии масъалаи тағйир додани сатҳи музди меҳнат бо мувофиқаи тарафҳо дар ҳолати нокифоя арзёбӣ гардидани музди пешниҳодшуда изҳор менамояд.
Тамос барои иртибот бо корфармо:
📞 +79196208621 Айназ, 📞 +79270434146 Инзиля

2. ИП Голубев В.А., шаҳри Бердск, вилояти Новосибирск
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Бердск, кормандон ба кор қабул карда мешаванд.
Ҷойҳои кории пешниҳодшуда:

    • монолитчӣ;
    • коргари ёрирасон (бо имконияти омӯзиш дар ҷойи кор).
      Шумораи кормандони лозим: 20 нафар.
      Навъи шуғл: пурра
      Низоми кор: аз соати 08:00 то 18:00
      Музди меҳнат:
      То 100 000 рубл дар як моҳ ҳангоми иҷрои нақшаи муқарраршуда, бо дарназардошти мукофот барои иҷрои зиёда аз ҳаҷми кор.
      Корфармо ба тартиби расмӣ ба кор қабул намудан ва пардохти саривақтии музди меҳнатро кафолат медиҳад.
      Тамос барои иртибот бо корфармо:
      📞 8 (383) 412-24-87

    Аз довталабон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бевосита бо корфармоён тавассути рақамҳои расмии дар боло зикршуда тамос гиранд.
    Ба шахсони шубҳаноке, ки худро ҳамчун миёнарав ё намояндаи корфармо муаррифӣ менамоянд, бовар накунед.
    Ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва маблағҳои худро ба шахсони сеюм насупоред.
    Танҳо ба манбаъҳои расмӣ ва маълумоти боэътимод такя намоед.