Қадамҳо барои муҳоҷири меҳнатӣ ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо дар Федератсияи Россия
Шумо — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, ки дар Россия кор мекунед ва ҳуҷҷатҳои худро (шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷиратӣ, патент ё дигар ҳуҷҷат) гум кардед. Муҳим аст, ки зудтар амал кунед, то аз ҷарима, ихроҷ (депортатсия) ё мушкилот бо корфармо пешгирӣ намоед. Гум кардани ҳуҷҷат худ аз худ сабаби ихроҷ ё бекоршавии патент (иҷозатномаи корӣ) намегардад, вале барқарор кардани он барои қонуниву расмӣ мондан дар Россия ҳатмӣ аст. Барои барқарор кардани шиноснома — ба Консулгарии наздиктарини Тоҷикистон муроҷиат кунед; барои дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ё корӣ — ба шӯъбаи Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (УВМ МВД России) ё маркази хидматрасонии наздиктарин (МФЦ). Хатти оҷили ВКД-и Россия: 8 (800) 222-74-47
Қадамҳо:
- Фавран ба шуъбаи пулис хабар диҳед
• Ба шуъбаи наздиктарини пулис (ВКД-и Россия) дар ҷое, ки ҳуҷҷат гум шудааст, муроҷиат кунед.
• Ариза дар бораи гумшавӣ ё дуздӣ нависед. Ба шумо маълумотнома (протокол) медиҳанд — ин ҳуҷҷати асосӣ барои қадамҳои минбаъда аст.
• Агар корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) гум шуда бошад, дар ариза маълумот вобаста ба вурудро нишон диҳед (тамға дар шиноснома, агар боқӣ мондааст). - Ба консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед
• Консулгарӣ барои барқарор кардани шиносномаи хориҷӣ кӯмак мекунад.
• Суроға ва тамосҳои консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия: https://mfa.tj/tg/moscow/view/9545/konsulgarihoi-generali - Барқарор кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ дар Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ГУВМ МВД России)
• Ба шӯъбаи Шуъбаи муҳоҷиратии ВКД-и Россия (ГУВМ МВД России) дар маҳалли зист ё МБФ (Маркази бисерфунксионалӣ) муроҷиат кунед.
• Барои корти муҳоҷиратӣ: ариза, нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз пулис пешниҳод кунед.
• Барои бақайдгирӣ: агар муҳлати бақайдгирӣ гузашта бошад, бо соҳиби манзили иҷоравӣ нав кунед. Лозим аст: шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, шартномаи иҷора.
• Барои патенти корӣ: ариза диҳед ва расиди пардохтро (агар бошад) замима кунед. Патенти гумшуда бекор мешавад ва нусхаи нав дода мешавад.
• Муҳлат:
o корти муҳоҷиратӣ — то 15 рӯз
o патент — то 30 рӯз
• Муҳим: бе ҳуҷҷат кор кардан манъ аст. Корфармо метавонад рухсатии 30-рӯза диҳад, то ҳуҷҷатҳоро барқарор кунед.
Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ:
- Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48; - Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;
- Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;
- Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха, ш. Якутск +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
