Ҳушдор роҷеъ ба худдории истифодаи хизматрасониҳои миёнаравон дар Федератсияи Россия

Ҳушдор роҷеъ ба худдории истифодаи хизматрасониҳои миёнаравон дар Федератсияи Россия

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё «шарикони расмӣ» муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Таваҷҷуҳи шуморо ба нуктаҳои зерин ҷалб менамоем:
• Намояндагӣ бо миёнаравони хусусӣ оид ба масъалаи «тезонидани» расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳамкорӣ намекунад.
• Ҳамаи изҳорот ва шарҳҳои расмӣ танҳо тавассути манбаъҳои ваколатдори давлатӣ нашр карда мешаванд.
• Машваратҳо ва кумаки ҳуқуқӣ дар Намояндагӣ тибқи тартиби муқарраргардида ройгон пешниҳод карда мешаванд.
• Дар ҳеҷ сурат ҳуҷҷатҳо ва маълумоти шахсии худро бе санҷиши ваколати шахсони муроҷиаткунанда ба дасти ашхоси бегона насупоред.
Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоед, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии ҶТ дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.
Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш менамоем, ки фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоед, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас намоед.
Ҳуҷҷатҳо, маълумоти шахсӣ ва маблағҳои худро ҳифз намоед. Амнияти шумо ва ҳимояи ҳуқуқиатон аз ҳушёрии шумо вобаста аст.

Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ:

  1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
    +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
  2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
  3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
  4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
  5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
  6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48;
  7. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
  8. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
  9. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха, ш. Якутск: +7 924 463-55-19.

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru