Боздиди масъули Намояндагӣ ба идораи муҳоҷират дар шаҳри Иркутск ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ
17 феврали соли ҷорӣ масъули сафарбаршудаи Намояндагӣ ба Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ ба идораи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Иркутск ташриф овард.
Зимни боздид масъули Намояндагӣ бо раванди бақайдгирӣ ва тамдиди ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, бо ҳозирин суҳбат анҷом дод ва аз мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта пурсон гардид. Ҳамзамон ҷиҳати баррасӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои матраҳгардида бо кормандони масъули хадамоти мазкур мулоқоту гуфтушунид доир намуд.
Муҳоҷирони меҳнатӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии зоҳиргардида, инчунин барои машваратҳои ҳуқуқии пешниҳодшуда ба масъули Намояндагӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ карданд.
