23 феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Афсарони муҳтарам, ҳамватанони арҷманд!
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик менамояд!
Ин рӯзи таърихӣ рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷассумгари қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Мо ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмати содиқона ва саҳмашон дар ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи мамлакат изҳори сипос менамоем.
Ба шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар хизмати пуршараф ба Ватан орзу дорем. Бигзор сулҳу оромӣ ва субот ҳамеша пойдор бошад ва осмони Ватани азизамон софу беғубор монад!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
