Пешниҳоди кор дар ширкати “УралТара”
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Уфа, Самара ва Краснокамск дар ҷустуҷӯи кор қарор доранд, дар бораи имкони шуғли расмӣ иттилоъ медиҳад.
Ширкати «УралТара», ки зиёда аз 15 сол дар бозори истеҳсол ва гардиши паллета(чорчӯба барои интиқоли мол) фаъолияти муваффақона дорад, кормандонро барои кори доимӣ ба шаҳри Екатеринбург (кӯчаи Новосвердловская, 5) даъват менамояд. Ширкат дорои анборҳо, автопарки шахсӣ ва сехи таъмири платформаҳои нигоҳдорӣ ё боркашонӣ буда, ба ҳамкории дарозмуддат бо кормандон таваҷҷуҳ дорад.
Корфармо пешвоз дар фурудгоҳ, ҷойи зист, расонидан ба ҷойи кор ва кӯмак дар омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (патент ва бақайдгирӣ)-ро таъмин мекунад. Кормандон бо тартиби расмӣ ба кор қабул гардида, бо бастаи пурраи иҷтимоӣ таъмин мешаванд. Музди меҳнат сари вақт, ду маротиба дар як моҳ пардохт мегардад. Низоми пардохт — шартномавӣ ё барои як баст (смена), соатҳои изофакорӣ пурра пардохт карда мешаванд ва либоси махсус дода мешавад. Ҳангоми оғоз намудани кор пешпардохт дар ҳаҷми 10 000 рубл дода мешавад. Реҷаи корӣ: 5/2 (09:00–18:00) ё 2/2 (09:00–21:00).
Айни замон мутахассисони зерин лозиманд:
— борбардор — 3 000 рубл барои як баст;
— ронандаи мошини борбардор — 3 600 рубл барои як баст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед бевосита бо корфармо тамос гиред:
vashlogist96@mail.ru
8-900-205-1027, 8-912-218-3570 (WhatsApp/Telegram)
Инчунин, барои машварат метавонед ба масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федеролии Урал бо рақами зерин муроҷиат намоед:+7 (999) 341-45-99; ва масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59.
