Пардохти саривақтии НДФЛ – асоси калидии ҳуқуқҳои шумо дар Россия.
Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки аз 1 январи соли 2026 ҳаҷми арзиши пешпардохти собит (моҳона) аз рӯи андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, зиёд карда шудааст.
Бо меъёрҳои муқарраршуда дар минтақаи дахлдор метавонед тавассути пайвандаки зерин шинос шавед:
https://pvsmvd.ru/media/decrees/219/a10c637b.pdf
Бо мақсади пешгирии маҳрум шудан аз ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ, тавсия медиҳем, ки пардохти НДФЛ-ро сари вақт анҷом диҳед. Дар поён, посухҳо ба саволҳои бештар додашаванда пешниҳод мегарданд.
- Чӣ гуна метавонед санаи пардохти навбатиро фаҳмед?
Санаи таҳияи патент дар тарафи қафои он нишон дода шудааст. Ҳисобкунии давраи пардохтшуда аз ҳамин сана оғоз мегардад. Пардохт бояд то фаро расидани ҳамон санаи ҳар моҳ анҷом дода шавад. - Патентро кай бояд пардохт кард?
Тавсия дода мешавад, ки пардохт пешакӣ — 3–4 рӯз пеш аз анҷоми давраи навбатии пардохтшуда таъмин карда шавад. - Агар пардохт сари вақт анҷом дода нашавад, чӣ мешавад?
Дар сурати сари вақт пардохт накардани маблағ, муҳлати будубоши муваққатӣ тамдид карда намешавад. Дар ин ҳолат, шаҳрванд бояд то анҷоми муҳлати муқарраршудаи будубош (яъне то ба охир расидани як сол пас аз санаи таҳияи патент) ҳудуди Федератсияи Россияро тарк намояд. - Дар кадом муҳлат бояд огоҳинома дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда шавад?
Шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст огоҳиномаро дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пешниҳод намояд. Корфармо бошад, бояд онро дар давоми 3 рӯзи корӣ ирсол кунад. - Огоҳиномаро чӣ гуна метавон пешниҳод кард?
Огоҳинома тавассути портали «Госуслуги» ба шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати ВКД (УВМ МВД) минтақае, ки шаҳрванд дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, пешниҳод мегардад ё шахсан бо гирифтани тасдиқнома бо муҳри қабул супурда мешавад.
Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ:
- Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. - Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59;
- Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
- Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
- Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
- Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;
- Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;
- Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
