АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ХУДДОРӢ НАМОЕД
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандонамон, ки дар Россия қарор доранд, мерасонад, ки аз анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳо ба кортҳои шахсони бегона, ташкилотҳои кишварҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, чун барои ин амалиётҳо дар Россия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Хосатан, ба кортҳои бонкие, ки гуруҳҳои ношинос барои ҷамъоварии маблағи кумак ба зарардидагон ё дигар намудҳои кумак пешниҳод менамоянд, аз интиқоли пулӣ худдорӣ намоед.
Хотиррасон менамоем, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Федератсияи Россия як қатор ташкилотҳо ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ ва агентҳои хориҷӣ дар Федератсияи Россия қабул карда шудаанд, ки барои интиқоли маблағ ва кӯмак намудан шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Худ ва наздиконатонро аз амалиётҳои ғайриқонунӣ ҳифз намоед.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ё мушкилот метавонед барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқии ройгон ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин: +7 (495) 967-98-44; +7 (999) 912-58-68, муроҷиат намоед.
