Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / РЕҶАИ КОРИИ МБМ “САХАРОВО” ДАР РӮЗҲОИ ИД

РЕҶАИ КОРИИ МБМ “САХАРОВО” ДАР РӮЗҲОИ ИД

Намоянадагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки бо дарназардошти ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар шаҳри Москва ва вилояти он Муассисаи давлатии Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии “Сахарово” 9 майи соли 2026 фаъолияти худро маҳдуд менамояд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди Москва ва вилояти он таҳсил менамоянд, барои супоридани изи ангушт, супоридани ҳуҷҷатҳои будубош метавонанд пас аз 11 майи соли ҷорӣ муроҷиат намоянд.
Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки маҳдудиятҳои мазкурро ба инобат гирифта, барои супоридани ҳуҷҷатҳо ё гирифтани тавсияҳои ҳуқуқӣ ба реҷаи фаъолияти кории муассисаи мазкур шинос шуда, баъдан ташриф оваранд.