Иди Ғалаба муборак бод!
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамкорони арҷманд!
Аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо ба муносибати иди бузурги Рӯзи Ғалаба самимона табрик менамоем!
9 май — санаи муқаддас, рамзи шуҷоат, қаҳрамонӣ ва ваҳдати халқҳо мебошад, ки озодӣ ва истиқлолиятро ҳифз намуданд. Мо бо эҳсоси амиқи сипос корнамоиҳои падарону бобоёни худро, ки дар ба даст овардани Ғалабаи умумӣ саҳми бебаҳо гузоштаанд ва намунаи олии матонату фидокорӣ нишон додаанд, гиромӣ медорем.
Имрӯз вазифаи мо — ҳифзи хотираи он рӯйдодҳои қаҳрамонона, ба наслҳои оянда интиқол додани он ва таҳкими рӯҳияи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ мебошад.
Ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, осмони софу ором ва боварӣ ба фардои нек орзумандем. Бигзор хотираи Ғалабаи бузург моро ба амалҳои нек ҳидоят намояд ва ба хотири ояндаи муштарак муттаҳид созад.
Иди Ғалаба муборак бод!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
