Мулоқот бо муовини директори ширкати “Петромакс”

Мулоқот бо муовини директори ширкати “Петромакс”

Масъулини Намояндагӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи онҳо 15 майи соли ҷорӣ бо муовини директор оид ба истеҳсолоти ширкати “Петромакс” мулоқот намуда, масъалаҳои ҷалби шаҳрвандонамон барои фаъолияти корӣ дар ширкати мазкур, ҳифзи манфиатҳои онҳо дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, фароҳам овардани шароти корӣ муҳокима гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар ширкат беш аз 60 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ҳисоби корфармо бо ҷойи хоб таъмин буда, маблағи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон (патент) ҳар моҳ аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад.

Аз ин лиҳоз ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандонамон, ки дар ҷӯстуҷуи ҷойи кори муносиб мебошанд, расонида мешавад, ки ширкати мазкур омодааст шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ ва ҷойи хоб, пардохти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва шароити кории арзанда фароҳам оварад. Барои гирифтани маълумот оид ба фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои зерин дар тамос шаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.
Шумора барои тамос:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19

Суроғаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.