Дар Москва Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии «Устувонаи Куруши Кабир» баргузор гардид
20 май бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия мизи мудаввари байналмилалӣ оид ба муаррифии «Устувонаи Куруши Кабир» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад, дар он доираи васеи донишмандон, олимону муҳаққиқон, нависандагон, пажуҳишгарони Русия, инчунин аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва кормандони Сафорати Эрон дар Русия ва корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Аликбер Аликберов иброз намуд, ки «Устувонаи Куруши Кабир» аҳамияти илмӣ ва таърихии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷониби олимону сиёсатмадорони олам ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст.
Иштирокдорони конфронс дар мавзуъҳои «Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун асоси пайдоиши ҳуқуқҳои фарҳангии инсон», «Куруши Кабир — бузургтарин ҳокими форсу тоҷик, бунёдгузори Империяи Ҳахоманишиён», «Устувонаи Куруши Кабир — намоди адолат ва озодӣ» «Ҳамсоягии нек ва эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳо дар ҷаҳони муосир» ва ғайра маъруза намуданд.
Инчунин аз ҷониби маърузачиён иброз гардид, ки таърихи тоҷику форс дар замони Куруши Кабир, Дорои I ва Дорои III шоҳиди ташаккули тамаддуни бузург гашта, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳо, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд.
Таъкид карда шуд, ки Куруши Кабир тавонист ҳудуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм ва аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд, яъне дар умум давлати Ҳахоманишиён дар се қитъа — Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.
Бояд гуфт, ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қатънома қабул гардид. Эъломияи Куруши Кабир соли 539 то милод тартиб дода шуда, соли 1879 дар Бобул, ҳозира ҳудуди Ироқ аз ҷониби бостоншинос Ҳурмуз Расом кашф гардидааст. Ин осори бостонӣ, ки бо хати мехӣ ва забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи шоҳи ориёӣ Куруши Кабир, ҳокими Империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул сиёсат ва роҳи таҳаммулпазириро ба ҷойи зулму истисмор ва ғорат интихоб кард.
Қобили тазаккур аст, ки Эъломияи қабулнамудаи Куруши Кабир ҳамчун эъломияи аввалин дар ҷаҳон эътироф гардида, аз 39 модда иборат мебошад. Ин Эъломия бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур буда, дар Осорхонаи Британияи Кабир ҷойгир аст.
Ҳамзамон зимни нишаст инчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, аз ҷумла эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, тазаккур дода шуд, ки қатънома ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои қонунмеҳварӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» доир ба Эъломияи Куруши Кабир иброз менамоянд: «Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад ва нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст».
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳими рӯз ва нақши «Устувонаи Куруши Кабир» дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон табодули афкори судманд анҷом доданд.
