Мулоқоти масъули Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати «Новосибхолод»

Мулоқоти масъули Намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати «Новосибхолод»

Санаи 23 майи соли ҷорӣ мулоқоти масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ бо роҳбарияти ширкати «Новосибхолод» баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбари ширкат Ташрипов Каримхон Мазкабович ва муовини роҳбар Бутаков Абдуҷаббор Абдуқаҳҳорович иштирок намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаи истеҳсолӣ, риояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, таъмини шароити бехатарии меҳнат, инчунин сатҳи қаноатмандии кормандон аз шароити корӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Роҳбарияти ширкат сатҳи баланди меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва интизомнокии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус қайд намуда, ба ҷалби минбаъдаи қувваи корӣ дар доираи барномаҳои муташаккилонаи ҷалби кормандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар қисми хотимавии мулоқот муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни замон дар корхона фаъолият доранд, даъват карда шуданд. Онҳо имконият пайдо намуданд, ки мустақиман аз роҳбарияти ширкат ва масъули Намояндагӣ маълумоти муфассал дар бораи шароити меҳнат, имкониятҳо ва дурнамои фаъолияти худ ба даст оранд. Ҳамзамон, кормандон саволҳои мавриди таваҷҷуҳи худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамкорӣ ва дӯстӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.