Вохӯрии кории сеҷониба бо директори Маркази тиббии «СВ Профи Плюс» ва директори раёсати ташкили савдои Бонки «Уралсиб»

Вохӯрии кории сеҷониба бо директори Маркази тиббии «СВ Профи Плюс» ва директори раёсати ташкили савдои Бонки «Уралсиб»

22 майи соли ҷорӣ вохӯрии кории сеҷониба бо иштироки масъули Намояндагӣ дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, директори Маркази тиббии «СВ Профи Плюс» Маҳмадҷонов Идибек Абдуназарович ва директори раёсати ташкили савдои Бонки «Уралсиб» Семёнова Светлана Владимировна баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳим вобаста ба расонидани кӯмаки босифати тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Аз ҷумла, диққати махсус ба таҳияи механизмҳо ва воситаҳои молиявӣ равона гардид, ки имкон медиҳанд хароҷоти хизматрасониҳои тиббиро, ки дар доираи полисҳои суғуртавӣ пешбинӣ нашудаанд, пӯшонанд.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки бо иштироки бонк шароити мусоиди пардохт, аз ҷумла пардохти қисм-қисм (рассрочка) ё дигар шаклҳои дастгирии молиявӣ барои шаҳрвандон фароҳам оварда шавад, то онҳо битавонанд сари вақт аз хизматрасониҳои зарурии тиббӣ истифода баранд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд ва дарозмуддат изҳор намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии кӯшишҳоро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ таъкид карданд.