Мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо роҳбари ҶСК “Сибирский”

Мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо роҳбари ҶСК “Сибирский”

Дар доираи сафари корӣ масъулини Намояндагӣ дар шаҳри Омски Федератсияи Россия  бо роҳбари ҶСК “Сибирский”  Харков Сергей Василевич мулоқот намуда, масъалаи ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни дидор ҳамчунин масъалаи таъмини шароити арзандаи корӣ,  ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ, бо  ҷойи хоб ва  таъмини кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гардид.

Пас аз вохӯрӣ масъулини намояндагӣ аз шароити корӣ, раванди кор дар истеҳсолот ошно гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо изҳори омодагии худро иброз намуданд.