Дидорбинӣ бо раиси Кумита оид ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ
15 июни соли ҷорӣ дар доираи сафари кории масъулини Намояндагӣ ба шаҳри Владикавказ (Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания), дар ҳамроҳӣ бо раиси ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Осетия “ПОМИР”, вохӯрии корӣ бо раиси Кумитаи Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания оид ба шуғли аҳолӣ — Эммануилиди Анжела Валентиновна баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба кортаъминкунии шаҳрвандон дар корхонаҳои ҷумҳурӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Анжела Валентиновна аҳамияти ҷуброни норасоии қувваи корӣ ва таъсири назарраси онро ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ таъкид намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3,5 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби корфармоён пурра риоя карда мешаванд.
