Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират: чӣ гуна низоми муҳоҷират дар Федератсияи Россия тағйир меёбад

Рақамикунонии равандҳои муҳоҷират: чӣ гуна низоми муҳоҷират дар Федератсияи Россия тағйир меёбад

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки мақомотҳои Федератсияи Россия татбиқи тадбирҳои нави рақамикунонии соҳаи муҳоҷиратро идома медиҳанд. Ин чораҳо дар доираи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои солҳои 2026–2030 амалӣ гардида, ба баланд бардоштани шаффофият, амният ва самаранокии идоракунии равандҳои муҳоҷират равона шудаанд.

Самтҳои асосии ислоҳоти рақамӣ:

🔹 Назорати биометрӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешаванд, бояд маълумоти биометрии худро, аз ҷумла акси рақамии чеҳра ва изи ангуштон, пешниҳод намоянд.

Ин тадбир барои баланд бардоштани амнияти муҳоҷират, пешгирии воридшавии шахсоне, ки нисбат ба онҳо манъи вуруд ба Федератсияи Россия амал мекунад, инчунин дигар шахсони қонуншикан, аз ҷумла онҳое, ки бо маълумоти тағйирдода вориди кишвар шудан мехоҳанд, пешбинӣ шудааст.

🔹 Феҳристи шахсони назоратшаванда

Ба ин феҳрист маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷие ворид карда мешавад, ки ҳуқуқи будубоши қонунӣ дар Федератсияи Россияро аз даст додаанд.

🔹 Барномаи RuID ва иҷозати электронии сафар

Ин низом барои такмил додани назорати ҷараёни муҳоҷират ва содда намудани дастрасии шаҳрвандони хориҷӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои соҳаи муҳоҷират, пешбинӣ шудааст.

Шаҳрванди хориҷӣ метавонад пешакӣ ҳисоби шахсӣ дар Низоми ягонаи мушаххаскунӣ ва аутентификатсия (ЕСИА) таъсис дода, ба портали «Хизматрасониҳои давлатӣ» (Госуслуги) дастрасӣ пайдо намояд, рақами суғуртаи инфиродӣ (СНИЛС) гирифта, инчунин пеш аз сафар маълумотро дар бораи мавҷуд будан ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россия санҷад.

🔹 Механизмҳои нави баҳисобгирии муҳоҷират – замимаи мобилии «Амина»

Ин яке аз қадамҳои муҳими ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳоҷират мебошад, ки тадриҷан истифодаи варақаҳои коғазии бақайдгириро барҳам медиҳад ва хизматрасониҳоро ба шакли электронӣ мегузаронад. Айни замон ин замима танҳо барои шаҳри Москва ва вилояти Москва сохта шуда амал менамояд.

🔹 Профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ

Дар ин низом маълумоти зарурӣ оид ба шаҳрвандони хориҷӣ барои назорат аз болои будубоши қонунии онҳо дар Федератсияи Россия ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад.

Профили рақамӣ метавонад маълумоти зеринро дар бар гирад:

— ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
— маълумот оид ба баҳисобгирии муҳоҷират;
— фаъолияти меҳнатӣ;
— маълумот дар бораи таҳсил;
— суғуртаи тиббӣ;
— маълумот оид ба молу мулки ғайриманқул;
— воситаҳои нақлиёт;
— маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва маҳдудиятҳои амалкунанда барои ворид шудан ба Федератсияи Россия.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россияро риоя намуда, пеш аз сафар ва дар давраи будубош аз тағйироти қонунгузорӣ ва тартиботи амалкунанда сари вақт огоҳ бошанд.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru