ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ 2026

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ 2026

Санаи 10 июли соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм» таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа баргузор гардид.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Чабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои Вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Нахуст маърӯзаи муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим Самиҷон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми 2026 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, равандҳои муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои Вазорат дар асоси стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардида, Вазорат ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардид.

Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот ва пешниҳодҳо оид ба тақвияти корҳо дар самтҳои фаъолияти Вазорат зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои Вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо муҳокимаронӣ ва саволу ҷавобҳо иштирок ва ба пурсидашуда масъалагузориҳои раиси маҷлис посухҳо доданд.

Дар фарҷом, Чабборзода Гулрӯ бо суханронии пурмуҳтаво корҳои ба анҷомрасонидаро бомаврид арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари иҷрои стратегия ва барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои амали стратегияи танзими раванди муҳоҷират ва кансепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ, ки соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, инчунин қарор ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат дар иҷрои Нақшаи чорабиниҳои бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 тасдиқ гардидааст, беш аз пеш таваҷҷуҳ намояд.

Намояндагони дигар вазорату идораҳо, ба монанди Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба муҳокима ва масъалагузориҳо изҳори ризоят намуданд. Аз ҷумла, Одиназода Моҳтоббӣ – сардори шуъбаи рушди соҳаи иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба сухан баромада, назари неки худро дар корҳои ба иҷро расонидааи Вазорат иброз намуд.

Дар охир Холмаҳмадзода Солеҳа ҷиҳати ташрифи меҳмонон ва ибрози таклифу пешниҳодҳо изҳори сипосмандӣ намуда, бо назардошти пешниҳодҳо, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар давоми соли 2026 ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа кард. Инчунин, доир ба масъалаҳои баррасишуда ва вазифаҳои дар пеш истода қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.