Ба ваъдаҳои миёнаравону ба ном «ҳуқуқшиносон» бовар накунед.
Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки дар соҳаи хидматрасонии муҳоҷиратӣ ҳолатҳои фиребу қаллобӣ зиёд гардидаанд. Қаллобон, ки худро ҳамчун ҳуқуқшиносон ё кормандони сохторҳои муҳоҷиратӣ муаррифӣ менамоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо эълонҳои таблиғотӣ ҷойгир карда, ваъда медиҳанд, ки гӯё метавонанд манъи вуруд ба Федератсияи Россияро дар муҳлати кӯтоҳ ва бо кафолати пурра бекор намоянд ё мақоми муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷиро «танзим» кунанд.
Бинобарин аз шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳушёрии худро аз даст надода, ба чунин пешниҳодҳо дода нашаванд — ин амалҳо нишонаи ошкори қаллобӣ мебошанд.
Муҳим аст бидонед:
1. Қарор дар бораи манъи вуруд ба Федератсияи Россия ва бекор кардани он танҳо дар салоҳияти истисноии мақомоти ваколатдори давлатии Федератсияи Россия қарор дорад.
2. Ҳуқуқшиноси қонунӣ ҳеҷ гоҳ дар масъалаҳое, ки қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабул мегардад, кафолати саддарсадӣ намедиҳад.
3. Агар дар эълон ибораҳое чун «100% бартараф кардани манъи вуруд», «дар 1 рӯз ҳал намудани ихроҷ», «бо ВКД-и Россия мустақим кор мекунем» истифода шаванд — ин нишонаи қаллобӣ мебошад.
4. Шахсони миёнарав раванди хидматрасониҳои давлатиро суръат намебахшанд. Ҳар гуна даъвоҳо дар бораи «суръат бахшидан тавассути каналҳои дохилӣ» кӯшиши фиреб додани шаҳрвандон мебошад.
Чӣ гуна «ҳуқуқшиноси қалбакӣ»-ро шиносем?
1. Таблиғоти фишоровар ва таъсир ба эҳсосоти шаҳрвандон.
2. Талаби пешпардохт бидуни бастани шартнома.
3. Фаъолият танҳо тариқи онлайн, бе имкони мулоқоти шахсӣ ва боздиди дафтари корӣ.
Тавсия дода мешавад, ки мақоми ҳуқуқшинос пешакӣ дар Феҳристи ягонаи давлатии вакилони дифои Россия дар сомонаи Вазорати адлия санҷида шавад, пайванд: https://minjust.gov.ru/ru/pages/advokaty-rossijskoj-federacii/
Барои гирифтани маълумоти расмӣ ва хидматрасониҳои қонунӣ ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст:
1. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия — барои маълумоти иттилоотӣ.
2. Шуъбаҳои минтақавии ВКД-и Россия — барои муроҷиати шахсӣ, машварат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо.
3. Портали хидматрасониҳои давлатӣ (Госуслуги) — барои ирсоли дархостҳо дар доираи хидматрасониҳои давлатӣ.
Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо эълонҳо, каналҳо ё пешниҳодҳои шубҳанок, ки фаъолияти мақомоти давлатиро тақлид мекунанд ё «ҳалли фаврии масъалаҳои муҳоҷират»-ро ваъда медиҳанд, фавран хабар диҳед:
• ба хадамоти дастгирии платформа (мессенҷер ё сомона) барои бастани манбаъ;
• ба мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Россия — дар ҳолати мавҷуд будани нишонаҳои қаллобӣ (аз ҷумла, агар шумо аллакай маблағ пардохт намуда бошед).
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
