Муҳлати амали шиносномаи хориҷӣ дар лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд на камтар аз 14 моҳро ташкил диҳад!

Муҳлати амали шиносномаи хориҷӣ дар лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд на камтар аз 14 моҳро ташкил диҳад!

Шаҳрвандони гиромӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ!

Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент, яке аз шартҳои муҳими баррасӣ мавҷудияти шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳлати амали кофӣ мебошад. Тибқи талаботи амалкунанда, муҳлати амали шиносномаи хориҷӣ дар лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд на камтар аз 14 моҳро ташкил диҳад. Дар ҳолати нокифоя будани муҳлати амал, эҳтимоли рад гардидани дархост аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ба миён меояд.

Бо дарназардошти аҳамияти мазкур, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки пешакӣ ба масъалаи сари вақт тамдид ё иваз намудани шиносномаи хориҷии худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таъмини ҳуҷҷатҳои дуруст ва ҷавобгӯ ба талабот имконият медиҳад, ки раванди баррасии дархостҳо бе мамониат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода шавад.

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт ва барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ, Шумо метавонед бо Намояндагӣ тамос гиред:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru

Суроға ва тамосҳои консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия:
Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Маскав
📍 121069, ш. Москва, кӯчаи Скатертний, 19
📞 +7 (985) 740-02-12
📧 consulate.moscow@mfa.tj
Консулгарии генералии ҶТ дар Санкт-Петербург
📍 191024, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи Черняховского, 65
📞 +7 (812) 490-47-46
📧 tajgencons.piter@mfa.tj
🌐 www.tajgenconsspb.ru
Консулгарии генералии ҶТ дар Уфа
📍 ш. Уфа, кӯчаи Цурюпы 149
📞 +7 (347) 276-52-96
📧 tajconsufa@mfa.tj
🌐 mfa.tj/ufa
Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург
📍 620107, ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская, 2А
📞 +7 (343) 370-23-60
📧 tajconsek@mfa.tj
🌐 mfa.tj/yekaterinburg
Консулгарии генералии ҶТ дар Новосибирск
📍 ш. Новосибирск, кӯчаи Дзержинский, 20
📞 +7 (383) 305-44-61, +7 (383) 305-44-63
📧 tajgencons.nsk@mfa.tj
🌐 mfa.tj/novosibirsk