ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ШАҲРВАНДОН (МУҲОҶИРОН) БА ГУРӮҲҲОИ ИРТИҶОӢ ВА ИФРОТГАРО — ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус ҷавонон, мерасонад, ки дар шароити густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои иртиботии интернетӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро аҳаммияти махсус дорад.
Бояд дар назар дошт, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз усулҳои гуногуни таблиғотӣ, аз ҷумла паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ, кӯшиш менамоянд ба шуури ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба ғояҳои бегона, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дорои хусусияти зӯроварӣ ҷалб намоянд.
Дар баъзе ҳолатҳо, шахсони манфиатдор бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ, вазъи душвори иқтисодӣ, эҳсоси танҳоӣ ё надоштани таҷрибаи кофии зиндагӣ, ҷавононро бо ваъдаи кумакҳои молиявӣ, дарёфти ҷойи кор, дастгирӣ ваъда дода, тадриҷан ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб мекунанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо, аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонон даъват карда мешавад:
Аз муошират ва ҳамкорӣ бо шахсони ношиносе, ки ғояҳои ифротӣ, зӯроварӣ ва бадбиниро таблиғ менамоянд, худдорӣ намоянд.
Ба паёмҳо, наворҳо ва маводи шубҳаноке, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо паҳн мешаванд, бе санҷиши манбаъ эътимод накунанд ва онҳоро паҳн насозанд.
Ба ваъдаҳои маблағҳои осон, ҷойи кори сердаромад ва дигар пешниҳодҳои шубҳанок, ки метавонанд барои ҷалб ба фаъолияти ғайриқонунӣ истифода шаванд, фирефта нашаванд.
Ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанд ва маълумоти шахсӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва маълумоти бонкии худро ба шахсони ношинос пешниҳод накунанд.
Аз иштирок дар гурӯҳҳо ва ҷамъомадҳое, ки фаъолияти онҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия ё Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад, худдорӣ намоянд.
Дар сурати ошкор намудани кӯшишҳои ҷалб ба фаъолияти ифротгароёна, ба мақомоти дахлдор ё намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, аз падару модарон ва наздикони ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, даъват карда мешавад, ки бо фарзандони худ робитаи доимӣ нигоҳ дошта, ба масъалаҳои рафтор, муҳити муошират, фаъолияти интернетӣ ва вазъи равонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии мамнӯъ, иштирок дар фаъолияти онҳо, инчунин мусоидат ба чунин фаъолият метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ тибқи қонунгузории амалкунанда гардад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ бояд воситаи таъмини зиндагии шоиста, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оила ва рушди ояндаи ҷавонон бошад, на роҳе барои гирифтор шудан ба доми гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ифротгаро.
Ҳушёрӣ, маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонун — кафили амният ва ояндаи босуботи ҳар як ҷавон мебошад.
Телефонҳо барои тамос:
1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2. Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
2.3.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
4.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
5.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
8. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
9. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
10. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
11. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56;
12. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
