Табрикоти Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.
 
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,


Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред.
Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед.
Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд.
Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам».


Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.