Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва самимияти комил шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 5 октябр табрик ва таҳният мегуем.

Забони тоҷикӣ — сарвати бебаҳои миллат, пояи давлатдории миллӣ, оинаи таърихи пурҷилои миллат ва фарҳанги ғании халқи тоҷик мебошад. Ин забон забони бузургони ҷаҳонӣ — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигар фарзонагони миллати тоҷик буда, бо андешаҳои баланди инсонӣ ва шеъри оламгири худ тамоми башариятро равшанӣ бахшидаанд.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми воло дошта, ҳифз ва ташаккули додани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худшинос ва ватандӯсти кишвар мебошад.

Дар шароити муҳоҷират забони модарӣ барои ҳар як фарди тоҷик на танҳо воситаи муошират, балки пайванди устувор бо Ватан, нишони худшиносии миллӣ ва омили муҳими тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба мероси ниёгон мебошад. Маҳз забон аст, ки моҳияти миллӣ, фарҳанг ва ҳувияти моро нигоҳ медорад ва эҳсоси ватандӯстиву ифтихори насли ҷавонро боло мебардорад.

Шумо, ҳамватанони азиз, ки дар хориҷи кишвар баҳри ободии хонавода мекашед, рисолати муҳиммеро ба душ доред: забони давлатиро пос доред, дар муошират бо ҳамдигар онро равнақ диҳед, ба фарзандони худ омӯзед ва бо рафтори шоиста обрӯи Тоҷикистонро дар ҷомеаи кишвари қабулкунанда баланд бардореду бо таври шоиста забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои мадании халқи тоҷикро муаррифӣ намоед.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои назаррас дар кору зиндагӣ таманно менамоям. Бигзор забони ширину шевои тоҷикӣ ҳамеша дар дилу забони мо зинда бошад ва наслҳои оянда онро бо ифтихор пос доранд.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!

Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират