Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / ХАРОҶОТИ МОЛИЯВИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАНГОМИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚОМАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

ХАРОҶОТИ МОЛИЯВИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАНГОМИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲО ВА ИҚОМАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дар шароити густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, афзоиши ҳаракатпазирии байналмилалии захираҳои меҳнатӣ ва таҳаввулоти низоми танзими муҳоҷират, масъалаи хароҷоти молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ ба яке аз омилҳои муҳими таъмини устувории иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва самаранокии ҳамкориҳои байнидавлатӣ табдил ёфтааст.
Таҳлили вазъи мавҷуда нишон медиҳад, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия, дар баробари имкониятҳои иқтисодӣ, бо маҷмуи уҳдадориҳои молиявӣ ва расмиёти маъмурию ҳуқуқӣ алоқаманд буда, арзёбии ҳамаҷонибаи онҳо барои муайян намудани манфиатҳои воқеии муҳоҷирати меҳнатӣ аҳаммияти назаррас дорад.
Дар ин раванд хароҷоти мустақим ва ғайримустақим, сарбории андозӣ, арзиши хизматрасониҳои маъмурӣ, сатҳи зиндагӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва ҳаҷми даромади воқеии ихтиёрдории муҳоҷир аҳаммияти муайянкунанда дошта, шаҳрвандони мо дар кишвари иқомат ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти меҳнатӣ хароҷоти муайянеро доранд.
Дар соли 2026 боҷи давлатӣ барои додан ё аз нав ба расмият даровардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) барои шаҳрвандони хориҷӣ 4200 рубл, супоридани имтиҳон аз забони русӣ, 3800 рубл, муоинаи тиббӣ тақрибан 6800 рубл, инчунин полиси суғуртаи тиббӣ ё таъмини хизматрасонии тиббӣ тақрибан 4000 рубл қабул, тасдиқи нотариалии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, тақрибан 1600 рубл ва барои истифодаи хизматрасониҳои пулакии марказҳои муҳоҷиратӣ маблағи иловагӣ 6200 рубл пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти пардохти пешакии андоз барои моҳи аввали фаъолияти меҳнатӣ, маҷмуи хароҷоти ибтидоӣ дар ҳисоббарорӣ дар Москва тақрибан на кам аз 36 ҳазор рублро ташкил диҳад.
Ин нишондиҳанда танҳо хароҷоти эҳтимолии расмиёти ибтидоиро дар бар гирифта, хароҷоти сафар, манзил, нақлиёт ва таъмини рӯзгорро дар бар намегирад.
Яке аз воситаҳои низоми танзими иқтисодии муҳоҷирати меҳнатӣ пардохти пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ мебошад, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар асоси патент алоқаманд аст. Дар соли 2026 маблағи пардохти мазкур дар шаҳри Москва ва вилояти Москва барои як моҳ 10 ҳазор рубл муайян гардидааст. Дар дигар субъектҳои Россия он вобаста ба муқаррароти минтақавӣ фарқ мекунад.
Барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, хароҷоти чиптаи ҳавоӣ, иҷораи манзил, хароҷоти хӯрокворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа, нақлиёти дохилишаҳрӣ ва эҳтиёҷоти тиббию иҷтимоӣ қисми ҷудонашавандаи буҷети муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Пардохти иҷораи манзил (ба таври миёнаи 40 000 то 60 000 барои якхонагӣ), гаравпулии манзил (40000 — 60000), хароҷоти коммуналӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳаққи хизматрасонии миёнаравон метавонанд қисми назарраси даромади шаҳрвандро ташкил диҳанд.
Хароҷоти нақлиёти ҷамъиятӣ низ ба қобилияти молиявии муҳоҷир таъсир мерасонад. Аз ҷумла, арзиши билети 30-рӯзаи «Единый» барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Москва дар соли 2026 ба 3460 рубл баробар, буда, пардохтҳои марбут ба хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағ ба Тоҷикистон, алоқаи байналмилалӣ, омодагии касбӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра ба сохтори хароҷоти умумӣ ворид мегарданд.
Барои муайян намудани таъсири омилҳои молиявӣ ба самаранокии муҳоҷират, истифодаи модели шартии ҳисоббарории иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ҳаҷми маблағи зарурӣ дар марҳилаи ибтидоии фаъолияти меҳнатӣ арзёбӣ гардад.
Дар сурати ба ҳисоби намунавӣ қабул намудани 36 ҳазор рубл барои расмиёти ибтидоии ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохти моҳи аввали патент, 15 ҳазор рубл барои иҷораи манзил, 15 ҳазор рубл барои ғизо, 3460 рубл барои нақлиёт ва 1500 рубл барои алоқа, ҳаҷми умумии хароҷот ба зиёда 70 000 рубл мерасад.
Агар гаравпулии иҷораи манзил низ ба маблағи 15 ҳазор рубл ба ин ҳисоб илова карда шавад, ҳаҷми эҳтиёҷоти ибтидоии молиявӣ то беш 80 000 рубл афзоиш меёбад.
Намояндагӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар имкониятҳои иқтисодии худ, талаботи ҳуқуқии кишвари қабулкунанда ва хароҷоти эҳтимолиро ба таври воқеъбинона арзёбӣ намуда, барои гирифтани маълумоти ҳуқуқию машваратӣ аз манбаъҳои расмӣ истифода баранд.