Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / Мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо роҳбари Ассамблеяи халқҳои Россия дар вилояти Липетск

Мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо роҳбари Ассамблеяи халқҳои Россия дар вилояти Липетск

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Липетски Федератсияи Россия масъулини Намояндагӣ бо роҳбари минтақавии Ассамблеяи халқҳои Россия дар вилояти Липетск Федина Нина Владимировна мулоқоти корӣ баргузор намуданд.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи таҳкими ҳамкориҳо, тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ташкили корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии онҳо ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии нақзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои амалӣ дар самти расонидани иттилооти саҳеҳу саривақтӣ оид ба тағйироти қонунгузории муҳоҷиратӣ, тартиби қонунии будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон, ташкили чорабиниҳои муштараки иттилоотию маърифатӣ, вохӯриҳои машваратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби намояндагони ҷомеаи тоҷикон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои дахлдори маҳаллӣ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки чунин шаклҳои ҳамкорӣ метавонанд ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими робитаҳои созанда миёни ҷомеаҳои миллӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятии минтақа мусоидат намоянд.
Мулоқоти мазкур идомаи фаъолияти пайгиронаи Намояндагӣ дар самти густариши ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои дахлдори Федератсияи Россия буда, ба рушди муколамаи созанда, тақвияти ҳамоҳангсозии байниниҳодӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.