Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар вилояти Липетск

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Липетск масъулини Намояндагӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ намуда, муҳимтарин масъалаҳои муҳоҷиратиро ба таври возеҳ фаҳмонида, дар самти мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои риояи талаботи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби будубош, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, шартномаҳои меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин роҳҳои муроҷиат ба мақомоти дахлдор дар ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд.
Дар баробари ин, масъалаҳои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, пешгирӣ аз хизматрасониҳои миёнаравон ва роҳҳои дарёфти ҷойҳои корӣ муҳокима ва маълумотҳои муфид дар ин самт ба шаҳрвандон пешниҳод карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ, инчунин ба масъалаҳои пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи талаботҳои санитариву гигиенӣ, худдорӣ аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ тавсия ва машваратҳои муфид дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби шаҳрвандон саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо посухҳои мушаххас гардонида шуд.
