МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ ҶДММ «ЕВРО ПЛАСТ»

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Рязан масъулини Намояндагӣ бо Директори генералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Евро Пласт» Владимир Евгениевич Космарский мулоқот намуданд.
Тибқи маълумот, айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 60 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии корхона саҳми назаррас доранд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба фаъолияти шаҳрвандон дар раванди истеҳсолот, риояи ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар муассисаи мазкур баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои пардохти саривақтии музди меҳнат, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи саломатии кормандон –риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ дар истеҳсолот, кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии поймолшавии ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
