Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / Сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Новосибирск

Сафари ҳайати вилояти Хатлон ба Новосибирск

11-13 ноябри соли 2026 сафари ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри Новосибирск баргузор гардид.
Ба ҳайати мазкур инчунин раисони шаҳрҳои Кӯлобу Норак ва ноҳияҳои Кӯшониён, Қубодиён, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Темурмалик шомил буданд.
Дар доираи сафари мазкур ҳайати вилояти Хатлон дар кори Форуми дуюми аграрӣ-озуқавории Сибир фаъолона иштирок намуда, бо имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии вилояти Новосибирск шинос гардиданд.
12 ноябри соли 2026 дар Ҳукумати вилояти Новосибирск мулоқоти дуҷонибаи раиси вилояти Хатлон Д.Саид бо Губернатори вилояти Новосибирск А.Травников баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ карданд. Ҷонибҳо инчунин яке аз самтҳои муҳим, аз қабили тиҷорат, логистика, саноати сабук, илм ва тандурустиро баррасӣ карданд.
Дар рафти сӯҳбат масъалаи таъмини мустақими сабзавот, меваҳои тару тоза, ангур, меваҳои хушк, пиёз ва дигар маҳсулотро барои бозорҳои Новосибирск муҳокима гардид.
Дар фарҷоми мулоқот, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Федератсияи Россия аз ҷониби раисони вилоятҳо ба имзо расид. Санади мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ фароҳам меорад.
Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки корҳои муштарак ба соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, комплексҳои саноатӣ ва агросаноатӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, маориф, илм ва тайёр кардани кадрҳо равона карда шаванд.
Барои таъмини татбиқи мунтазами Ёддошт, пешниҳод гардид, ки нақшаи муштараки амал барои солҳои 2027-2028 таҳия карда шавад, лоиҳаҳои афзалиятнок ва намояндагони масъули ҳарду ҷониб муайян карда шаванд ва байни соҳибкорон чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ ва вохӯриҳои B2B ташкил карда шаванд.
Дар идомаи сафар инчунин мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо роҳбарон ва намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорони тоҷик ва донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Новосибирск таҳсил менамоянд, баргузор гардид.