Табрикот ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз,
мардуми сарбаланду шарафманди кишвари соҳибистиқлол,
Ба муносибати 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари арҷгузорӣ ба заҳматҳои хастанопазир ва ташаббусу иқдомоти созанда, фароҳамоварии истиқлолияти комили миллӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёс аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳамаи шумо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрику таҳният мегӯем.
Дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо марҳалаҳои тақдирсози таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар пайванди амиқ дошта, дар ҳассостарин марҳалаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, замоне ки ҷанги шаҳрвандӣ бақои давлату миллатро зери хатар қарор дода буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи сиёсӣ, талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳҷӯёна дар раванди расидан ба сулҳу оштии миллӣ, таҳкими ягонагии ҷомеа ва барқарор намудани сохторҳои давлатдорӣ нақши калидӣ гузоштаанд.
Барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр ва фароҳам омадани шароити зиндагии осоишта аз дастовардҳои муҳими таърихие мебошанд, ки дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дошта, ба корнамоиҳо ва ҷонгудозиҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад.
Дар даврони давлатдории навин, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон марҳалаҳои муҳими созандагиву бунёдкориро паси сар намуда, дар самтҳои рушди иқтисоди миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамзамон, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор ба баланд гардидани нуфузи байналмилалии кишвари мо ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими башарият мусоидат намуда, эътибори кишвари моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ намудааст.
Хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, гиромидошти таъриху тамаддуни ниёгон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии насли ҷавон низ дар раванди рушди маънавии ҷомеаи Тоҷикистон аҳаммияти хосса дошта, насли ҷавони кишвар дар пайравӣ аз мактаби бузурги Пешвои муаззами миллат дар роҳи рушди давлатдории миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Рӯзи Президент, пеш аз ҳама, рӯзи гиромидошти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба давлатдории мустақил ва пос доштани дастовардҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Ин санаи фархунда моро водор месозад, ки арзиши сулҳу оромӣ, аҳаммияти ягонагии миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар ҳифзи истиқлолият ва ободии Ватан амиқтар дарк намоем.
Мо, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати худ, сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони азизро арзиши муқаддас медонем ва барои ҳифзи обрӯву эътибори Ватан, таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии шоистаи арзишҳои миллиамон талош менамоем.
Ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, таманнои осоишу саодат, рӯзгори обод, ваҳдати ҷовидонӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, рушди устувор ва ояндаи дурахшонро орзу менамоем.
Бигзор истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор ва парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
