Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар доираи мусоидат ба бокортаъминкунии шаҳрвандон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо корфармоёни Федератсияи Россия, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РАБОЧИЙ КЛАСС М» (ООО «РАБОЧИЙ КЛАСС М») барои ҷалби кормандон дар соҳаи логистика ва фаъолияти анбордорӣ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод менамояд.
Фаъолияти меҳнатӣ дар маҷмааи анбории воқеъ дар ҳудуди Внуково-2-и шаҳри Москва ба роҳ монда шуда, вазифаҳои асосии кормандон ҷудокунӣ, гурӯҳбандӣ, бақайдгирӣ, коркарди борҳо ва омода намудани онҳо барои интиқол ба анборҳои дигар ва нуқтаҳои таҳвилро дар бар мегиранд.
Шароити пешниҳоднамудаи корфармо:
Самти фаъолият: логистика ва корҳои анбордорӣ;
Давомнокии вақти корӣ: 11 соат;
Музди меҳнат: аз 5 500 то 9 000 рубл вобаста ба ҳаҷми кор;
Таҷрибаи корӣ: талаб карда намешавад;
Омӯзиши касбӣ: аз ҷониби корфармо ба таври ройгон ташкил карда мешавад.
Суроғаи ҳуқуқӣ: шаҳри Москва, кӯчаи Азовская, бинои 35, қабати 3, ҳуҷраи 1/1.
Суроғаи маҳалли фаъолияти меҳнатӣ: шаҳри Москва, ноҳияи Внуково, деҳаи Шарапово, кӯчаи Придорожная, бинои 4, сохтмони 1 (4қ1).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатӣ дар ташкилоти мазкурро доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ оид ба шароити кор, тартиби ба кор қабул шудан ва талаботи корфармо мустақиман ба шахси масъул муроҷиат намоянд.
Шахси масъул: Семён
Телефон барои тамос:+7 (993) 628-37-99