Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Нимаи дуюми рӯзи 20 ноябр сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Зимни мулоқоти сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин доираи васеи масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин, мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ гардид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гусел намуданд.