Табрикоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва ваҳдату якдилии халқи тоҷик ва ифтихори сокинони мамлакати соҳибистиқлоламон мебошад, самимона табрик ва муборакбод менамояд.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи фархундаи чандинҳазорсолае дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намуда, ба дастовардҳои назаррасу комгориҳои оламгир шарафёб гардида, дар таҳким, ташаккул ва рушди тамаддунофарии ҷаҳон саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар ин радиф метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хуталон, ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳувияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони халқи сулҳпарвару тамадунофари мо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки таърихи Парчами миллӣ ва давлатии Тоҷикистон аз замони бостонӣ ба номи Дирафши машҳури Ковиёна, оғоз мегардад, ки дар ибтидо ба ибораи имрӯзӣ “устураӣ”, пасон мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ табдил гардида, аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Хаҳоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти ақвоми ориёӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд доштааст.
Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “ҷашни Рўзи парчам — эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва ҳазорон абармардони гузаштаи мост”.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери ҳидоят ва сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ, иқдомҳои созанда, сиёсати сулҳҷӯёна мавқеи шоиста касб намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ аксари кишварҳои ҷаҳон истиқлолу озодӣ ва Парчаму арзишҳои милли халқи тоҷикро эътироф намудаанд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Дар ин замина, насли ҷавони ватандӯсту худшинос, варзишгарон, кормандони соҳаи илму маориф, олимону муҳаққиқон, кормандони бахшҳои гуногуни фарҳанг ҳамарӯза бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо донишу таҷриба ва корнамоиҳои худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки барои мустаҳкам гардидани мавқеи шоистаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминагузорӣ менамояд.
Бори дигар, ҳамватанони азиз, ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон бурдборӣ, некномӣ ва руҳияи пурифтихори миллӣ таманно менамоем.
Бо эҳтиром,
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
