Госуслуги RUID – ёвари рақамии шумо барои оғози сафар ба Россия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои рад кардани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳои сарҳадии фурудгоҳҳои шаҳри Москва зиёд гардидаанд. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки сафари худро пешакӣ ба нақша гирифта, пеш аз парвоз ҳатман аз замимаи «Госуслуги RuID» барои гузаштан аз бақайдгирии рақамӣ ва пешниҳоди ариза барои сафар ба Россия истифода намоянд.
Ба таваҷҷуҳ мерасонем, ки аз 1 июли соли 2026 истифодаи замимаи «Госуслуги RuID» барои бақайдгирии пешакии рақамӣ ҳангоми ворид шудан ба Россия барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бераводид ҳатмӣ мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки истифодаи ин хизматрасониро аз ҳозир оғоз намоед, то ҳангоми убури сарҳад аз мушкилоти эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки пешакӣ ба Намояндагии ХШР ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, муроҷиат намоед. Дар намояндагӣ шумо метавонед тартиби ҳатмии дактилоскопияро гузаред, инчунин маълумотнома дар бораи мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россияро дастрас намоед. Ин иқдом ба шумо имкон медиҳад, ки набудани монеаҳоро пешакӣ санҷида, сафари худро бо итминон бештар ба нақша гиред.
Шаҳрвандони муҳтарам, дар хотир нигоҳ доред, ки иҷрои саривақтии ин тадбирҳо кафили будубоши бехатар ва қонунии шумо дар қаламрави Россия ва инчунин амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари шумо, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, мебошад.
