Вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо директори техникии ҶДММ «АртБотаника»

Вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо директори техникии ҶДММ «АртБотаника»

4 июни соли 2026 вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо директори техникии ҶДММ «АртБотаника» Бугаев Дмитрий Юриевич баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкат баррасӣ шуданд. Роҳбарияти ширкат меҳнатдӯстии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро таъкид намуда, ҳамзамон норасоии қувваи кориро қайд кард, ки ин ба сустшавии фаъолияти ширкат дар бозори хизматрасонӣ оварда расонидааст.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо диққати махсус дода шуд.
Дар доираи вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ якҷо бо директори техникӣ аз иншооти истеҳсолии ширкат, ки дар шаҳри Истра ҷойгир аст, боздид намуда, бо шароити кор, зист, ғизо ва рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ҳангоми суҳбат бо корманди ширкат Раҳматов Фирдавс қайд гардид, ки шароити кор ва зист дар иншоот дар сатҳи баланд ва қаноатбахш қарор дорад. Аз ҷумла, мавҷудияти ҷойҳои истиқоматии бароҳат, таъмини ғизо, додани либоси махсус ва гӯшаи варзишӣ таъкид карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ бо кормандони ширкат — шаҳрвандони Тоҷикистон — суҳбати профилактикӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, гигиенаи шахсӣ, тарзи ҳаёти солим, эҳтиёткорӣ ҳангоми истифодаи интернет ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалб шудан ба гурӯҳҳои номатлуб, инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҷойи кор баррасӣ шуданд.
Дар охири вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ «АртБотаника» аз соли 2014 дар соҳаи тарроҳии ландшафт фаъолият намуда, ду маротиба — дар солҳои 2019 ва 2024 — ба унвони «Беҳтарин ширкати ландшафтӣ» пешбарӣ гардидааст.