Ба тавваҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ният доранд фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом диҳанд
Бо дарназардошти тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва таҳияи механизмҳои нави ҷалби муташаккилонаи кормандони хориҷӣ, таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати муносибати масъулона ва пешакӣ омодашуда ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти манбаъҳои расмӣ, аз соли 2027 дар Федератсияи Россия лоиҳаҳое таҳия мегарданд, ки ба ҷорӣ намудани низоми ҷалби муташаккилонаи кормандони хориҷӣ равона шудаанд. Ин ташаббусҳо пурзӯр намудани назорат бар равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани талабот ба сатҳи тахассуси кормандон ва рушди механизмҳои мутамаркази интихоб ва ҷалби кадрҳоро пешбинӣ менамоянд.
Дар чунин шароит аҳамияти махсусро омодагии пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон касб менамояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тавсия медиҳад:
- Гузаштани омодагии пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бар мегирад:
o омӯзиши асосҳои қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия;
o гирифтани дониши ибтидоии забони русӣ;
o шиносоӣ бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони хориҷӣ;
o омодагӣ барои шуғли расмӣ. - Пешакӣ омода намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла:
o шиносномаи хориҷӣ;
o ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассус. - Истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, аз ҷумла:
o барномаҳои омӯзиши касбӣ;
o курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;
o хизматрасониҳои машваратӣ оид ба шуғл дар хориҷи кишвар.
Махсус таъкид карда мешавад, ки зарур аст аз имкониятҳои
Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» истифода бурда шавад, ки пешниҳод менамояд:
• омӯзиши касбӣ аз рӯи ихтисосҳои талаботнок;
• курсҳои мутобиқшавӣ барои кор дар хориҷ;
• машваратҳо оид ба шуғли қонунии меҳнатӣ.
Дар шароити пурзӯр гардидани талабот нисбат ба кормандони хориҷӣ ва гузариш ба шаклҳои муташаккилонаи ҷалби қувваи корӣ, набудани омодагӣ ва малакаҳои зарурӣ метавонад монеа барои шуғл дар Федератсияи Россия гардад.
Омодагии пешакӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад:
• баланд бардоштани сатҳи тахассус;
• таъмин намудани шуғли қонунии меҳнатӣ;
• кам намудани хавфи вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ;
• ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрвандонро даъват менамояд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо масъулият муносибат намуда, аз ҳамаи имкониятҳои давлатӣ барои омодагӣ ва омӯзиш истифода баранд ва қонунгузории кишвари қабулкунандаро қатъиян риоя намоянд.
Танҳо омодагии ҳамаҷонибаи пеш аз сафар кафолати фаъолияти бехатар, қонунӣ ва муваффақонаи меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мебошад.
