Вохӯрӣ бо соҳибкори бурунмарзӣ вобаста ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ

Вохӯрӣ бо соҳибкори бурунмарзӣ вобаста ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ

Дар идомаи сафари корӣ масъулини Намояндагӣ бо мақсади ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва татбиқи амалии Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ барои солҳои 2026 – 2030 бо роҳбари ширкатии ҶДММ “МИРУСТРОЙ” яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонӣ дар Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб Аслонбеков Баходир Қаҳрамонович мулоқот намуда, зимни баргузории он масъалаҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ширкатии ҶДММ “МИРУСТРОЙ” беш аз 600 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, роҳбарияти ширкат масъалаҳои танзими ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон, азҷумла дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, пардохти саривақтии иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, қайди муҳоҷиратии шаҳрвандон, ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси гарм, нақлиёт барои рафту омад аз ҷой кор ба хона ва аз хона ба ҷойи корро ба уҳда гирифта, кӯшиш менамояд, ки кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандонро таъмин намояд.
Соҳибкори бурунмарзӣ дар иртибот ба саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ иброз намуд, ки мо ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намоем.
Барои соҳибкори бурунмарзӣ оид ба баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд. Инчунин оид ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва шароитҳои фароҳамовардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ маълумот пешниҳод карда шуда, соҳибкори бурунмарзи барои сармоягузорӣ омодагии хешро иброз намуд.