Ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ! Дар Россия қоидаҳои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ сахттар мешаванд
Аз моҳи ноябри соли 2026 дар Россия қонуни нав мавриди амал қарор мегирад, ки тибқи он шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мегарданд, зиёд карда шудаанд.
Президенти Федератсияи Россия 4 августи соли 2026 Қонуни федералии № 294-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия»-ро ба имзо расонид.
Тибқи қонуни мазкур, шумораи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки барои вайрон кардани онҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ҷазои ихроҷ аз ҳудуди Россия пешбинӣ шудааст, аз 22 ба 45 модда расонида мешавад.
Минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, на танҳо барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, балки барои як қатор ҳуқуқвайронкуниҳои вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд аз Россия ихроҷ карда шаванд.
Аз ҷумла, қонуни нав имкони ихроҷро барои ҳуқуқвайронкуниҳои зерин пешбинӣ менамояд:
- Майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ;
- Итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- Вайрон кардани қоидаҳои баргузории ҷамъомадҳо, гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ;
- Паҳн ё намоиш додани рамзҳо ва маводи экстремистӣ ё мамнуъ;
- Барангехтани адоват ва бадбинӣ нисбат ба гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа;
- Бадномсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия тибқи муқаррароти қонунгузории ин кишвар;
- Даъватҳои оммавӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ё вайрон кардани тамомияти арзии Россия;
- Эҷоди монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дигар амалҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ.
Хотиррасон менамоем, ки баъзе ҳуқуқвайронкуниҳое, ки қаблан асосан бо ҷарима анҷом меёфтанд, минбаъд метавонанд боиси ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ гарданд. Ҳамзамон, қонуни нав ҷаримаҳоро барои як қатор қонуншиканиҳои марбут ба муҳоҷират низ зиёд менамояд.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ дар Россия талаботи қонунгузории ин кишварро қатъиян риоя намоянд, аз иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми нашри мавод, навор, акс ё изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд.
Бояд таъкид кард, ки татбиқи ҷазои ихроҷ аз хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва муқаррароти моддаи дахлдори қонун вобаста аст.
Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, бояд тағйироти нави қонунгузориро ба инобат гирифта, барои пешгирии ҷарима, ихроҷ ва дигар оқибатҳои ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо ва ё гирифтани тавсияҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос:
1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
- Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
- Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
- Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
- Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56;
- Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.
