Ба муҳтаво гузаред
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

ТАМОС
Асосӣ / Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Рязан

Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Рязан

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Рязан масъулини Намояндагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ЛНС» (ООО «ЛНС») бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар корхонаи мазкур фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, қонунигардонии фаъолияти меҳнатӣ, бақайдгирии муҳоҷиратӣ, муҳлати будубош, тартиби гирифтани патент ва пардохти саривақтии маблағҳои муқарраргардида, инчунин талаботи марбут ба бастани шартномаҳои меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, масъалаҳои таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ фаҳмонида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон посухҳои мушаххас гардониданд.