Истифодаи замимаи АМИНА ҳатмист!

Истифодаи замимаи АМИНА ҳатмист!

Ҳамватанони азиз,

Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки дар минтақаи Москва ва вилояти Москва озмоиш идома дорад ва шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд суроғаи зисти воқеии худро тавассути замимаи «Амина» нишон диҳанд.

Ин шарти ҳатмӣ барои шаҳрвандоне мебошад, ки барои кор ба Россия бе раводид ворид мешаванд.

Қоидаҳои истифодаи замимаи «Амина»:

Амалҳои ҳатмӣ:

•иҷозат додан ба фаъолсозии ҳамаи функсияҳои замима;

•ворид кардани маълумот ҳангоми иваз шудани суроғаи зист;

•навсозии замима тариқи RuStore

Амалҳои манъшуда:

•хомӯш кардани геолокатсия дар телефон;

•насб ва истифода кардани замимаи VPN;

•манъ кардани дастрасии замима ба функсияҳои смартфон;

•хомӯш гузоштани телефон зиёда аз 3 рӯз.

Шаҳрванди хориҷӣ аз қайд гирифта мешавад, агар:

•аз Россия хориҷ шавад;

•берун аз минтақаи Москва ба қайд гирифта шавад;

•зиёда аз 3 рӯзи корӣ геолокатсия дастрас набошад;

•вафот кунад ё аз ҷониби суд бедарак ё фавтида эълон гардад.

*!!!Муҳим!!!*

•Ҳангоми тағйир додани суроғаи будубош, иштирокчии озмоиш (эксперимент) вазифадор аст, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ ба мақомоти минтақавии ВКД Русия тавассути ҳамин замима хабар диҳад.

•Нишон додани суроғаи бардурӯғ ё кӯшиши ба гумроҳӣ бурдани намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сабаби ворид кардани шумо ба руйхати шахсони назоратшаванда ва изроҷи баъдӣ мегардад.

•Истифодаи VPN тавсия дода намешавад, зеро ҳангоми ҳамоҳангсозии маълумоти геолокатсия, иттилооти нодуруст дар бораи ҷойгиршавии воқеӣ ба ВКД фиристода мешавад.

🤝 Агар дар истифодаи замимаи «Амина» мушкилӣ бо муайянкунии геолокатсия пеш ояд, тавсия дода мешавад ба хадамоти техникӣ муроҷиат намоед:

📞 +7 (499) 530-56-88

https://mc.mos.ru/info/amina

📞 Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонед ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 901 344-77-77, ш. Иркутск +7 (929) 388-54-11;⁠

3. ⁠Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99

4. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

5. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

6. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48

Почтаи электронии Намояндагӣ:

🌐 prmstj@mail.ru