Паёми иттилоотӣ барои шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд
Ҳамватанони гиромӣ!
Ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки дар қаламрави бузургтарин фурудгоҳҳои Россия 12 нуқтаи назорати муҳоҷиратии мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ин нуқтаҳо бо ҳамоҳангсозии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ва Сарраёсат оид ба нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Россия фаъолият мекунанд.
Нуқтаҳои назорати муҳоҷиратӣ аллакай дар маҷмааи ҳавоии Москва, инчунин дар фурудгоҳҳои Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва шаҳрҳои дигар таъсис ёфтаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда, ифтитоҳи чунин нуқтаҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои обӣ ва автомобилӣ пешбинӣ шудааст.
Мақсади асосии фаъолияти ин сохторҳо — ошкор ва пешгирии вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки меъёрҳои қонунигузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро вайрон мекунанд.
Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандонамон, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди Россия мешаванд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад:
қаблан дурустии ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури марз санҷанд;
ба муҳлати эътибори шиноснома (на кам аз як солу ду моҳ), патент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд пас аз воридшавӣ тартиб дода шаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд;
қоидаҳои будубош ва номнавишти муҳоҷиратиро дар қаламрави Федератсияи Россия қатъиян риоя намоянд;
дар ҳолатҳои зарурӣ аз намояндагиҳои расмӣ ва мақомоти ваколатдор машварат гиранд.
Омодагии саривақтии ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ имкон медиҳад, ки аз таъхир ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми воридшавӣ пешгирӣ карда шавад.
Иловатан ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо, метавонанд ба Намояндагӣ аз соати 09:00 то 18:00 бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
- Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. - Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99
- Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48
Почтаи электронии Намояндагӣ:
🌐 prmstj@mail.ru
