Маълумоти муҳим барои муҳоҷирони меҳнатӣ — истифодабарандагони барномаи «Амина»

Маълумоти муҳим барои муҳоҷирони меҳнатӣ — истифодабарандагони барномаи «Амина»

Намояндагӣ ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар арафаи таътилҳои тӯлонии солинавӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки ҳамарӯза кори дурусти замимаи мобилии «Амина»-ро инчунин фаъол будани хизматрасонии муайянкунии ҷойгиршавӣ (геолокатсия)-ро санҷанд, пайвандак: https://www.rustore.ru/catalog/app/ru.mos.amina.app

Ин маълумот ба муҳоҷирони меҳнатӣ — иштирокчиёни озмоиш оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави баҳисобгирӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва гузаронида мешавад, дахл дорад.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ворид шуда, дар минтақаи Москва фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, уҳдадоранд мустақилона ба ВКД-и Россия дар бораи макони воқеии будубоши худ тавассути барномаи мобилии «Амина» иттилоъ диҳанд.

Дар сурати ба миён омадани мушкилот бо муайян намудани геолокатсия, тавсия дода мешавад, ки ба хадамоти дастгирии техникии барномаи «Амина» тавассути сомонаи расмӣ ё бо рақами хати оҷилӣ муроҷиат намоед: 8 (499) 530-56-88.

Барои гирифтани маълумот дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.
Рақамҳо барои тамос:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02 , +7 (988) 676-00-00 , +7 (966) 031-22-22 , +7 (936) 174-19-92 , +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 ; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53 ;
3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 ;
4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77 ;
5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11 ;
6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 .
7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99
8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48
Почтаи электронии Намояндагӣ:

🌐

prmstj@mail.ru