Таваҷҷуҳ! Тағйири фаъолияти МБМ Сахарово дар рузҳои ид

Таваҷҷуҳ! Тағйири фаъолияти МБМ Сахарово дар рузҳои ид

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар давраи рӯзҳои идона аз 30 декабр то 12 январ реҷаи кории Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии «Сахарово» тағйир дода мешавад.

Дар ин давра Марказ тибқи реҷаи зерин фаъолият хоҳад кард: 30 декабр реҷаи муқаррарӣ, 31 декабр реҷаи кӯтоҳ то соати 14:00 ва аз 1 то 9 январи соли 2026 рӯзҳои истироҳатӣ.
Аз 12 январ Марказ фаъолиятро дар реҷаи муқаррарӣ идома медиҳад.

Лутфан ҳангоми банақшагирии боздид ин маълумотро ба инобат гиред.