МУСОИДАТИ НАМОЯНДАГӢ ДАР БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ НОПАРДОХТШУДАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

МУСОИДАТИ НАМОЯНДАГӢ ДАР БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ НОПАРДОХТШУДАИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар давоми соли 2025 бо кӯмаки Намояндагӣ бо роҳи муколама бо корфармоён ва мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия музди меҳнати нопардохтношудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 33 093 496 рубл (муодил ба 425 956 доллари ИМА) аз корфармоён ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагӣ дар Федератсияи Россия расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ, ҳифзу ҳуқуқи шаҳрвандон ва мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи онҳо ба шумор рафта, дар ин самт ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву мулоқотҳои судманд бо корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад.

Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ дошта, дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои шартномаи меҳнатӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоянд.

Рақамҳо барои тамос:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.

2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4.Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;

5.Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11;

6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48;

7. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (999) 341-45-99;

8. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809 55 48;

Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru