Телефоны приемной:
+7(495)967-98-44
+7(999)912-58-68 (WhatsApp)
» » Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

18 июль 2023, Вторник
695
0
Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил оғоз намудааст.

Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат ва ҳаёти ҷамъиятии кишвар мутахассисони муваффақ ва соҳибихтисос омода менамояд.

Айни замон дар 11 факултетҳои донишгоҳ зиёда аз 19 хазор нафар донишҷӯёни 65 давлати чаҳон аз рӯи 206 барномаи асосии таълимии бакалавр, мутахассис, магистратура ва аспирантура таҳсил мекунанд.

Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия дар қаламрави Федератсияи Россия ва берун аз он 7 филиал дорад, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ош, Сочи, Павловский Посади вилояти Москва, Пятигорск, Анапа, Клин ва Мински Ҷумҳурии Беларус.

Ба донишҷӯён омӯзгорони баландихтисос, ки таҳиякунандагони стандартҳои давлатии таҳсилот ва аввалин стандартҳои касбӣ дар Россия дар соҳаи кори иҷтимоӣ мебошанд, таълим медиҳанд. Дар раванди таълим равишҳои инноватсионӣ, технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои дастрасии фосилавӣ ба мундариҷаи таълимӣ васеъ истифода мешаванд, ки бо ин донишгоҳ бо сифати кори таълимӣ дар мамлакат машҳур шудааст.

Маблағи шартномаи таҳсил дар Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳо назар ба дигар донишгоҳҳо гарон набуда, ба донишҷӯён имконияти таҳсили маҷозӣ фароҳам оварда шудааст.

Яъне, муҳоҷири меҳнатӣ имконият дорад, ки ба донишгоҳ нарафта, дар ҷойи кор ва ё дар ҷойи зист ба таври маҷозӣ пайваст шуда, барномаи таълимиро аз худ намояд.

Таҷрибаи мазкур метавонад ба таври назаррас сатҳи илму дониши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатиро баланд бардошта, дар баробари машғул будан ба фаъолияти меҳнатӣ, баъд аз хатми донишгоҳ соҳиби маълумоти олӣ ва ихтисос гарданд.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти пурра вобаста ба ихтисосҳо, шарту шароит ва дигар ҷанбаҳои таҳсилот метавонанд аз сомонаи расмии Донишгоҳ (Мактаби олии кушодаи гуманитарӣ ДДИР) дидан намоянд.

Телефон барои тамос: +7 (495) 255-67-89


Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

ПОЛЕЗНЫЕ ССЫЛКИ