Қоидаҳои санҷиши дастгоҳҳои электронӣ ҳангоми убури марзи давлатии Россия

Қоидаҳои санҷиши дастгоҳҳои электронӣ ҳангоми убури марзи давлатии Россия

Намояндагӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандонамон мерасонад, ки Хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Россия ҳуқуқи гузаронидани санҷиши телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва дигар дастгоҳҳои электрониро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ расман тасдиқ намудааст.
Ин чораҳо ба таъмини амният ва муқовимат бо ифротгароӣ ва қочоқ равона гардидаанд. Мутобиқи Қонуни федералии Россия «Дар бораи сарҳади давлатии Федератсияи Россия», мақомоти сарҳадӣ ҳуқуқ доранд воситаҳои нақлиёт, борҳо ва ашёи шахсии шаҳрвандонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Таваҷҷуҳ менамоем, ки рад кардани ихтиёрии кушодан ва пешниҳод намудани воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор барои санҷиш метавонад ҳамчун итоат накардан ба талаботи қонунии шахси мансабдор арзёбӣ гардад, ки боиси пайомадҳои ҳуқуқӣ мегардад.
Мувофиқи моддаи 18.7 Кодекси Федератсияи Россия дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, барои чунин амал ҷарима ба маблағи аз 5 000 то 7 000 рубл ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст. Бо назардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки ба Россия сафар менамоянд, тавсия дода мешавад, ки ин талаботро ба инобат гиранд, то ҳангоми убури сарҳад ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.