Мулоқот бо раиси Идораи динии мусалмонони Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ
15 июни соли ҷорӣ мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо раиси Идораи динии мусалмонони Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ — Алания, Ҳоҷӣ-Мурат Ҳарумович Гатсалов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба роҳандозии корҳои иттилоотӣ ва пешгирикунанда миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин зарурати эҳтиёткорӣ ҷиҳати пешгирии ҷалб гардидани онҳо ба гуруҳҳои гуногуни дорои хусусияти харобиоварро баррасӣ намуданд.
Муфти Ҳоҷӣ-Мурат Ҳарумович инчунин интизоми баланди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро махсус таъкид намуда, зикр кард, ки дар масҷидҳои Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ — Алания пайваста дар доираи хутбаҳои ҷумъа корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ бо мақсади огоҳонӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои номатлуб гузаронида мешаванд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мунтазам ва тақвияти корҳои муштарак дар самти пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гуруҳҳои харобиовар изҳор намуданд.
