Мулоқот бо Вазири Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания оид ба сиёсати миллӣ ва робитаҳои хориҷӣ

Мулоқот бо Вазири Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания оид ба сиёсати миллӣ ва робитаҳои хориҷӣ

16 июни соли ҷорӣ мулоқоти масъулини Намояндагӣ бо Вазири Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания оид ба сиёсати миллӣ ва робитаҳои хориҷӣ Багиев Алан Казбекович, муовини вазир Кумаллагов Олег Андреевич ва роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Владикавказ (Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания) Мамиев Багир Гасанович баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ, мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳияи китобҳо ва барномаҳои мутобиқсозӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва чунин марказҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, аз ҷониби вазир таъкид гардид, ки диаспораи тоҷикон ҳамеша дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми назаррас мегузорад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи муҳоҷират изҳор намуда, вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ–Алания фаъолият доранд, мусбат арзёбӣ карданд.