Иштироки масъулин дар чорабинии Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ

Иштироки масъулин дар чорабинии Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ

16 июни соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ масъулини Намояндагӣ дар чорабинии тантанавие, ки ба Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ бахшида шуда буд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур ба Соли ваҳдати халқҳои Федератсияи Русия бахшида шуда, дар партави муносибатҳои устувори стратегӣ ва шарикии иттифоқии миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросим дар Қасри дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ, воқеъ дар шаҳри Владикавказ, доир шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои калидии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати сиёсати миллӣ ва робитаҳои хориҷӣ, Кумитаи шуғли аҳолӣ, намояндагони аҳли рӯҳоният, ҳамчунин аъзои Ҳукумат ва шӯроҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Дар доираи чорабинӣ барномаи ғании фарҳангӣ пешкаш гардид, ки зимни он доир ба таърихи пурғановат, забони модарӣ ва мероси фарҳангии халқи тоҷик, ки решаҳои он ба давраҳои бостонӣ, аз ҷумла аҳди Сомониён, мерасад, маълумоти муфассал ироа карда шуд.