Тағйирот дар қоидаҳои гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ
Ҳамватанони азиз!
Намояндагӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1 сентябри соли 2026 ба Қонуни федералии Россия «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» тағйироти воридгардида ба ҳукми амал медарояд. Ин тағйирот қоидаҳои гузаштани муоинаи ҳатмии тиббиро ба таври назаррас ва ҷиддӣ назорат менамояд, аз ҷумла ихтисори муҳлати гузаштани муоинаи тиббӣ.
Аз 1 сентябри соли 2026 тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба ФР меоянд, уҳдадоранд, ки дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи ворид шудан ба кишвар муоинаи тиббиро гузаранд. Қаблан барои ин 90 рӯз муҳлат дода мешуд.
1. Муоинаи такрории ҳатмии ҳарсола
Тартиби муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳарсола мегардад. Тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Россия қарор доранд, уҳдадоранд ҳар 12 моҳ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Ҷавобгарӣ ва оқибатҳои вайронкунии қонун
Қонунгузории Россия чораҳои қатъии назоратиро ҷорӣ мекунад, аз ҷумла: Ҷаримаҳо барои саркашӣ аз гузаштани муоинаи тиббӣ, ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми аз 25 то 50 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.
Ихроҷ, дар сурати иҷро накардани талабот дар муҳлати 30 рӯз, муҳлати иқомат дар ФР кӯтоҳ карда шуда, шаҳрванд ба таври маҷбурӣ аз кишвар ихроҷ карда мешавад ва сипас воридшавии ӯ ба ФР ба муҳлати аз 5 то 10 сол манъ карда мешавад.
Назорати автоматӣ: Натиҷаҳои марказҳои тиббиро фавран ба шакли электронӣ ба ВКД ва Роспотребнадзор интиқол дода мешаванд. Ҳангоми ошкор шудани бемориҳои сироятии хавфнок ё вобастагии нашъамандӣ, қарор дар бораи номатлуб будани иқомати шаҳрванд дар давоми 24 соат бароварда мешавад.
Тавсияҳои Намояндагӣ:
То ҳадди имкон, муоинаи расмии тиббиро дар Тоҷикистон, пеш аз сафар ба Россия гузаред.
Агар шумо аллакай дар ФР қарор дошта бошед, реҷаи вақтро қатъиян назорат кунед ва ҳуҷҷатҳоро танҳо дар ташкилотҳои тиббии аз ҷониби Вазорати тандурустии ФР ваколатдоршуда расмӣ кунед.
Барои пешгирӣ аз гирифтани маълумотномаҳои қалбакӣ аз хизматрасонии миёнаравҳо истифода набаред.
Барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ ва машваратии ройгон шумо метавонед ба Намояндагӣ муроҷиат намоед. Суроға: кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40 ва ё ба рақамҳои зеррин муроҷиат намоед.
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru
Телеграм: https://t.me/predmintrud_rt_rf
