Роҷеъ ба тағйир ёфтани ҳудудҳои дорои тартиби махсуси боздид дар вилояти Москва

Роҷеъ ба тағйир ёфтани ҳудудҳои дорои тартиби махсуси боздид дар вилояти Москва

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки тибқи Қарори Ҳукумати вилояти Москва аз 7 октябри соли 2026, № 1311, ҳудудҳое, ки барои боздиди шаҳрвандони хориҷӣ тартиби махсус муқаррар гардидааст, аз нав муайян карда шудаанд.

Тибқи тағйироти воридгардида, дар рӯйхати навшуда танҳо қисматҳои ҳудудии ноҳияи Одинтсово ва шаҳри Балашиха боқӣ мондаанд. Ҳудудҳои чор минтақаи дигари вилояти Москва, ки қаблан ба ин рӯйхат дохил буданд, аз он хориҷ карда шудаанд.

Тартиби махсуси боздид аз ҳудудҳои муайянро барои шаҳрвандони хориҷӣ бо зарурати мувофиқаи пешакӣ пешбинӣ менамояд. Ҳамзамон, ҳудуди минтақаҳои мазкур бо истифода аз координатаҳои дақиқи ҷуғрофӣ муайян карда шудааст.

Дар шаҳри Балашиха ҳудуди минтақаи дорои тартиби махсус аз рӯйи 28 нуқтаи ҷуғрофӣ муайян гардида, шоҳроҳҳои Энтузиастов, Балашиха, Шёлково ва Носовихино, инчунин баъзе кӯчаҳои шаҳрӣ ва қитъаҳои роҳи оҳанро дар бар мегирад.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар ё боздид аз ҳудудҳои мазкур маълумоти расмиро пешакӣ санҷида, ба маҳдудиятҳои муқарраргардида риоя намоянд. Инчунин, ташкилоту корфармоёне, ки шаҳрвандони хориҷиро барои иҷрои корҳои хизматӣ ё меҳнатӣ ба ин минтақаҳо сафарбар мекунанд, бояд ҳудуди минтақаҳои дорои тартиби махсус ва талаботи мувофиқаи боздидро ба назар гиранд.

Намояндагӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб ва риояи қонунгузории Федератсияи Россия, пеш аз сафар ба минтақаҳои зикршуда тартиби амалкунандаи боздидро аниқ намоянд.
Пайванд ба Қарори № 1311: http://publication.pravo.gov.ru/document/0001202610090028?index=3 Телефонҳо барои тамос:
1.Рақами ягонаи бисёрхизматрасонӣ: +7 (495) 967-98-44
ва рақами фаъоли хати оҷил: +7 (999) 912-58-68 инчунин пайваст ба шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм
Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00
2.Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40,
+7 (929) 540-88-88, +7 (915) 150-88-82, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (915) 368-53-56;
2.2 Ҳавзаи федералии Марказӣ: шаҳрҳои Владимир, Иваново ва Кострама +7 (920) 941 60 60;
4.Ҳавзаи федералии Марказӣ: вилоятҳои Твер, Смоленск ва Ярослав +7 (923) 554 39 46;
5.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (926) 311-52-53;
6.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш.Санкт-Петербург: +7(977)963-25-69;
7. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
8. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
9. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
10. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур,ш.Хабаровск:+7(914) 202-09-56;
11. Минтақаи Ҷумҳурии Саха- Якутия, шаҳри Якутск: +7 (999) 217-0105, +7 (924) 361-80-33;
Почтаи электронии Намояндагӣ: prmstj@mail.ru.